Латту кӯби муовини Кабирӣ. ҲНИТ ҳамла ба М.Ҳайитро фармоишӣ донист
Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳамлаи афроди ношинос ба Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари ин ҳизбро, фармоишӣ донистанд. Оқои Ҳайит шоми рӯзи 19-уми апрел дар даромадгоҳи манзили зисташ дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамлаи гурӯҳи ношинос қарор гирифта, ҷароҳати вазнин бардоштааст.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, суханггӯи ҲНИТ, дар сӯҳбат бо “Озодагон”, ин ҳамларо ба фаъолиятҳои сиёсии Муҳаммадалии Ҳайит рабт дода ва гуфт, “ин амал бо фармоиши доираҳои хос” сурат гирифтааст. Оқои Ҳайит чанд соли ахир ба ҳайси муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ фаъолият дорад ва борҳо амалкардҳои ҳукумати кунуниро ба боди танқид кашидааст.
Латту кӯби оқои Ҳайит соати 19:40-и 19-уми апрел сурат гирифтааст. Замоне ки ӯ пас аз анҷоми омодагиҳо ба ҷашни чиҳилумин солгарди ҲНИТ аз қароргоҳи ин ҳизб ба манзилаш мерафт. Ҳоло ӯ дар бемористони Қарияи Болост ва ҳамкоронаш дар бораи ин ҳодиса ба пулис гузориши расмӣ додаанд. Дар ҳоел ки ба гуфтаи онҳо чаҳор рӯзи ахир Муҳаммадалии Ҳайит ба таври ғайрирасмӣ ба идораи пулис даъват шуда, зоҳиран таҳти фишор қарор доштааст.
Ин ҳамлаи нахустин ба масъулони баландпояи ҲНИТ дар Душанбе нест. Қаблан Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода дар наздикии манзили зисташ мавриди ҳамла қарор гирфита, сахт маҷруҳ шуда буд. Ҳарчанд масъулони ҲНИТ ба мақомоти пулис дар ин бора муроҷиат карданд, вале то ҳол омилони латту кӯби ӯ пайдо нашудаанд.
/size]