Жириновский дар бораи тақдири Раҳмон, пойгоҳи 201 ва муҳоҷирон (ВИДЕО)
Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия ва муовини раиси парлумони ин кишвар, барои тасвиби созишномаи пойгоҳи 201-ум зарур донистааст, ки аз муҳоҷирон ҳамчун фишанг истифода шавад.
Жириновский дар барномаи “Поединок”-и шабакаи телевизионии “Русия 1” бо Виктор Анпилов, роҳбари ҳаракати “Русияи коргарӣ”, вориди баҳс шуда, алайҳи муҳоҷирон суханҳои шадид гуфтааст. Ӯ муҳоҷиронро мояи афзоиши беморӣ, ифлосӣ, бекорӣ ва бефарҳангӣ дар Русия хондааст.
Дар дақиқаи 35-уми барнома Жириновский дар муроҷиат ба Анпилов изҳор доштааст, ки “айни ҳол дӯстони тоҷики Шумо бешармона боз нарх барои пойгоҳи 201-умро баланд мекунанд. Медонанд, ки Русия пул дорад ва бисёртар мехоҳанд. Ана, мо мегӯем, ки дигар муҳоҷирони кории Шуморо қабул намекунем! Он гоҳ Раҳмон чӣ кор мекунад? Раҳмон хуб медонад, ки дар ин ҳолат исломиёни афғон Тоҷикистонро поймол мекунанд.”