Озмун барои таҷлил аз 3-ҳазор солагии Ҳисор
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои дарёфти беҳтарин сенарияи ҷашни 3000 - солагии Ҳисор миёни рӯзноманигорон, адибон ва аҳли эҷод озмун эълон кардааст.
Тавре Раҳматулло Раҳматуллоев, сухангӯи Ваазорати фарҳанг ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, ин озмун аз якуми майи соли равон оғоз ёфта, моҳи марти соли 2014 ҷамъбаст хоҳад шуд. Ӯ дар мавриди талаботи озмун гуфт, сенарияҳо аз лиҳози мавзӯю мӯҳтаво бояд таърихи 3000-солаи ин гӯшаи Ватани азизи моро таҷассум намуда, корнамоию шуҷоати фарзандони барӯманди тоҷик, дастовардҳои даврони истиқлолият ва ояндаи дурахшони халқу кишварро тараннум намуда, дорои тахаюл ва бадеияти баланд бошанд.
Раҳматуллоев илова кард, ки хоҳишмандони ширкат дар озмун бояд маводҳояшонро ба нишонии шаҳри Душанбе Хиёбони Рӯдакӣ-34 Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар се нусхаи чопи компютерӣ пешниҳод намоянд.