Амрико Осиёи марказиро ноором карданист?
Бозии бузург дар Осиёи марказӣ дар ҳоли тағири шароиту қарор гирифтааст, ба тавре, ки бо хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон, тавозуни қудрат дар минтақа дастхуши таҳаввули ҷиддӣ хоҳад шуд.
Ҳамакнун қудратҳои гуногун бавижа Амрико барои истифода аз бозигарони ғайридавлатии кишварҳои минтақа барои таҳақуқи аҳдофи худ талош мекунанд. Бо таваҷҷуҳ ба онки замони хуруҷи эътилофи НАТО аз Афғонистон наздиктар мешавад, Амрико ба кишварҳои ОМ таваҷҷуҳи фавқулодае нишон медиҳад.
Дар ҳоли ҳозир Амрико муваффақ ба таҳкими нуфузи худ дар Узбакистон шудааст, аммо ҳамзамон ин воқеиятро дарк мекунад, ки чунончи мабнои ин нуфуз фақат итминон доданҳои раисҷумҳури ин кишвар бошад, пас ба бероҳа рафтаанд.Аз ин хотир ин кишвар ниёзманди як абзори муассир хоҳад буд, то битавонад нуфузи худро бар рӯитасмимгириҳои Тошканд дар робита бо масоили мавриди алоқаи Амрико тазмин кунад.
Дар Қирғизистон низ вазъияти мушобеҳе дида мешавад ба тавре, ки Амрико ба дунболи истифодаи ҳарчи бештар ва бидуни контрол аз пойгоҳи ҳавоии Манас мебошад. Аммо дар ҳар сурат ҳадафи баландмуддати ин стратегия Қазоқистон аст, ки дорои мавқеияти муҳими геостратегӣ буда қаламрави васеъе бо манобеъ ва зарфиятҳои болои санатиро дар ихтиёр дорад.
Амрико бо таваҷҷуҳ ба дурнамои наздик ҳамзамон ногузир ба тағири қудрат дар Қазоқистон ҳамроҳ бо мамониат аз ба қудрат расидани элитаи тарафдори Русия мебошад. Чун Вашенгтон мехоҳад, то қудрат дар ин кившар дар ихтиёри элитаи ғарбгаро қарор бигирад, ки ҳамакнун омодагии худро барои анҷоми чунин масъулиятеро ба намоиш мегузоранд. Амрико дар канори ин ҳамчунон ҳадафи тазъифи нуфузи рӯ ба афзоиш ва манофеи баландмуддати Чин дар минтақаро низ дунбол мекунад.
Чунин ба назар мерасад, ки дар масоили фавқ Амрико муваффақ ба дарёфти ҳимояи мақомоти Узбакистон шудааст. Дар ивази чунин коре бояд Тошканд аз ҳимоятҳои бештари Амрико дар ростои таҳақуқироҳбурди сиёсӣ дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ баунвони мисол Созмони амният ва ҳамкории аврупо ва албатта иқдомоти эҳтимолӣ дар бахшҳои мухталифи сиёсати дохилӣ ва истифода аз он ба манзури тавҷеҳи саркуби муҷаддади мухолифин ва ҳимоят аз модели мавриди назари Ислом Каримов барои манотиқи шимолии Афғонистон пас аз хуруҷи НАТО, бархурдор шавад.
Модели мавриди назари раисҷумҳури Узбакистон тақвияти фаврии қудрати низомии низомиёни узбак ва тақвияти лобии Узбакистон дар сатҳи мудирияти нави сиёсии Афғонистон пас аз канор рафтани давлати Ҳомид Карзай мебошад. Аммо дар инҷо чизе, ки метавонад нақши аслӣ барои моделсозии мавриди назари бозигарони муҳими геополитикӣ дар ОМ-ро фароҳам кунад, мавриди таваҷҷуст.
Албатта бисёре аз чизҳо дар ин қобили истифода хоҳанд буд, ки ба унвони мисол метавоназ эҳтимоли баёнияҳои созмонҳои байналмилалии мунтақиди сиёсатҳои дохилии мақомоти минтақа гирифта, то иқдомоте шабеҳи таҳримҳои иқтисодӣ минҷумла иҷтиноб аз хариди пахтаи Узбакистон аз сӯи бархе аз ширкатҳои ғарбиро шомил мешавад.
Бо таваҷҷуҳ ба иттилооти мавҷуд дар манобеи ошкор ҳадди ақал 7 сол аст, ки Амрико бо аҳдофи мазкур, яке аз бозигарони бузурги ғайридавлатии минтақа яъне ҳаракати исломии Узбакистон истифода мекунад. Низомиёни яке аз ҷиноҳҳои ин ҳаракат дорои пойгоҳҳои худ дар Бадахшони Афғонистон буда зимни инки дар чанд вилояти шимоли ин кишвар қароргоҳҳои омӯзишӣ дар ихтиёр доранд ва аз ҳомиёни бонуфузе дар Кобул ва конолҳои таъмини молӣ аз тариқи кишварҳои арабӣ бархурдор буда, ба таври ғайримустақим бо сохторҳое муртабит мебошанд, ки таҳти контроли созмони CIA қарор доранд.
Ин гуруҳ ҳадафи эҷоди марказҳои таниш дар марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо Узбакистонро дунбол карда ва як таҳдиди доимӣ барои давлати Тошканд башумор меравад, то аз ин тариқ битавонад онро ҳамеша дар ҳавзаи нуфузи Амрико нигоҳ дорад. Ҳамроҳ бо ин ҳадаф, бахше аз низомиёни мутаъаллиқ ба ин ҳаракатро барои анҷоми фаъолиятҳои таблиғотӣ, ҷазби тарафдорон ва иқдомоти харобкорона барои бесубот кардани Қазоқистону Қирғизистон низ омода мекунанд.
Ҳамин тавр замина барои эҷоди бесуботии қобили контролшуда фароҳам мешавад, ки аз он бо таваҷҷуҳ ба шароити хоси сиёсӣ ва ба манзури ташдиди фишор бар рӯи ҳар як аз давлатҳои минтақа, ки дар вазъи бӯҳронӣ қарор гирифтааст, баҳрабардорӣ сурат мегирад, то аз ин тариқ битавон онҳоро водор ба гирифтани тасмимоти мавриди назар дар ивази маҳори бӯҳрон кард.
Дар ҳоли ҳозир теъдоде аз дигар бозигарони ғайридавлатӣ ба навъе дар нақши миёнбанди амниятии Узбакистон дар Афғонистон қарор гирифтаанд, ки ин амр бидуни ҳамкории фаоли Амрико имконпазир нест. Иттилооте вуҷуд дорад, ки гуруҳи мусаллаҳи Маҳмуд Худобердиев, ки солҳо пеш аз Тоҷикистон фарор карда ва дар Узбакистон мустақар мебошад, барои анҷоми амалиётҳои эҳтимолӣ алайҳи низомиёни тоҷики вилояти Балхи Афғонистон омода мешаванд. Ҳамзамон эҳтимоли иқдомоте дар ростои ҳарҷу марҷ дар Тоҷикистон ва мушаххасан дар минтақаи Хуҷанд вуҷуд дорад. Манобеи огоҳ эҳтимоли таҳаққуқи чунин иттифоқеро рад намекунанд.
Агар дар ин ду минтақақудрати низомиён ҳоким шавад, аз назари Тошканд монеъе бар сари роҳи Толибон гузошта мешавад, вале барои Амрико нақши манотиқи нав танишовар аст ва аз он фоида мегирад. Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта метавон натиҷа гирифт, ки бозигарони ғайридавлатӣ дар ҳоли табдил шудан ба як омили муҳим дар бозии бузург дар ОМ мебошанд, ки зимни сармоягузории начандон қобили таваҷҷуҳ боз ҳам натиҷаи матлуберо ба бор хоҳанд овард. Ҳаминтавр ба мизони афзоиши бесуботӣ, ки мубтакири он бозигарони бузурги геополитикӣ хоҳанд буд, ин омил беш аз пеш тақвият хоҳад шуд. Ҳамакнун метавон бозигарони ғайридавлатиро ба унвони як омили муҳими др шакл додани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои ОМ баршуморид. Фаҳмост , ки ҳамаи онҳо огоҳона ё ноогоҳона дар мавқеи абзори дасти ин ё он бозигари бузург қарор мегиранд.
Сиёвуш Қосимзода