Мубталоёни СПИД ҳар сол 600 нафар афзоиш меёбад
Дар Қирғизистон шумораи сироятшудагони бемории норасоии масъунияти одам ё ба истилоҳ Вич-СПИД, ҳамасола 600 нафар афзоиш меёбад.
Тавре расонаҳои қирғизӣ аз қавли Анна Чернушева, раҳбари гурӯҳи идораи сармояҳои Бунёди чаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа дар Қирғизистон иттилоъ медиҳанд, ин раванд бештар миёни муътодони маводи мухаддир дида мешавад. Раҳбари гурӯҳи идораи сармояҳои Бунёди чаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа дар Киргизистон мегӯяд, ҳоло таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ин кишвар болои ин масъала равона карда шудааст. Зеро ба гуфтаи шумораи мубталоён ба ингуна беморӣ зуд афзоиш ёфта истодааст.
Ба гуфтаи Чернушева бештари ашхоси мубтало ба бемории Вич-СПИД сокинони шаҳрҳои Ӯш, Ҷалолобод ва Чӯй мебошанд. «Аммо ин маънои онро надорад, ки дар навоҳии дигари Қирғизистон, аз қабили Исиқ-кӯл, Бодканд ва Талас шумораи онҳо кам ба қайд гирифта шудааст.»-мегӯяд ӯ.