Блейк ба ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ: Баҳори арабро аз ёд набаред
Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷии Амрико, гуфтааст, кишварҳои Осиёи Марказӣ набояд дарси “Баҳори араб”-ро, ки боиси сарнагунии тахти бархе аз диктаторони кишвраҳои арабӣ шуд, фаромӯш созанд.
Ин нуктаро Роберт Блейк дар сафҳаи Твиттери худ дар посух ба суоли яке аз кормандони бахши русии “Садои Амрико” навишта, таъкид кардааст, ки “бунёди ҳукуматҳои шаффоф, истифода аз имконоти иқтисодӣ ва мубориза бо фасод дар ин минтақа бисёр муҳим мебошад”.
Гуфта мешавад, суолу ҷавоби мустақим бо муовини вазири умури хориҷии Амрико, ки 18-уми апрел дар сафҳаи Твиттер сурат гирифтааст, диққати бештари корбаронро ба дурнамои сиёсати “роҳи абрешими нав”- и Амрико ҷалб намудааст. Ин тарҳ ба хотири манфиати кулли минтақа ва тақвияти равобити иқтисодию тиҷорӣ миёни кишварҳои ҷанубию Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Афғонистон, роҳандозӣ шудааст.
Яке аз корбарони дигари ин шабака бо номи Беҳзод Маҳмадиев ба Блейк навиштааст, оинномаи “Роҳи абрешими нав”-и Амрико бештар шомили ваъдаҳои хушку холӣ ва ҳаракатҳои ғайриҷиддӣ мебошад. Аммо дар посух муовини вазири умури хориҷии Амрико гуфтааст, “ваъдаҳои хушку холӣ нестанд, ин давлатҳо роҳи мошингард, роҳҳои оҳан ва хатти интиқоли нерӯи барқ сохта истодаанд, ки ин ҳама ба ҳамгироии минтақа кӯмак мекунад.”
Истифодабарандаи дигари ин шабака, бо муттаҳам намудани Амрико ба доштани сиёсати дугона аз Роберт Блейк пурсидааст, чаро кишвараш аз ҳукуматҳои фасодзада ва диктатории кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ менамояд? Муовини вазири умури хориҷии Амрико дар посух гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида сиёсати дугона надорад ва “мо дар Осиёи Марказӣ танҳо ҷонибдорӣ аз демократия менамоем ва ҳамеша аз ҳукуматҳои кишварҳои ин минтақа даъват мекунем, то барои доштани як ҷомеаи озод талош намуда, алайҳи фасод мубориза баранд.”
Роберт Блейк равобит миёни намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар кишварҳои гуногун барои ҳамгироии минтақа муҳим арзёбӣ намуда, гуфтааст, Амрико барои донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бурсияҳои таҳсил ҷудо менамояд, то дар донишгоҳҳои амрикоӣ таълим бигиранд.