Хонандаи синфи 9 дар Душанбе ба куштор муттаҳам мешавад
Мақомоти пулиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шодмон Воҳидов, хонандаи синфи 9-и мактаби таҳсилоти умумии рақами 37-и пойтахтро бо иттиҳоми куштор боздошт кардаанд.
Кормандони шуъбаи умури дохилии Сино-1 мегӯянд, ин сокини ноболиғи кӯчаи Абдулобеков, рӯзи 18-уми апрели соли равон тахминан соати 17:10-дақиқа бо шаҳрванд Ҳомидов Сафарбек Маҳмадраҳимович (соли таваллудаш 1995, сокини кӯчаи Маяковский, донишҷӯи бахши 3-юми Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №65) ҷанг карда, бо корд 1 бор ба қафаси синааш задааст.
Масъулини умури дохилӣ мегӯянд, аз ҷароҳатҳои бардошта Ҳомидов дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои мақомот айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.