Маркази исломӣ алайҳи вуруд ва истифодаи “арӯсакони сунъӣ” фатво дод
Шӯъбаи фатвои Маркази исломии Тоҷикистон истифода аз занҳои маснӯиро барои мардони мусалмони ин кишвар ҳаром дониста ва вуруди онҳоро барои ҷомеа зиёновар хонд.
Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сармутахассиси шӯъбаи фатвои Маркази исломӣ, рӯзи ҷумъаи 19-уми апрел ба “Озодагон” гуфт, дар бораи эҳтимоли вуруди занҳои маснӯӣ ба Тоҷикистон аз расонаҳо огоҳ шуда, ҳоло мехоҳанд аз паҳн ва дастраси сокинон гардидани онҳо ҷилавгирӣ намоянд. Ӯ гуфт, “аз дидгоҳи дини мубини Ислом ва фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ дар бораи чунин корҳо таъкидоти зиёде шудааст. Ҳазрати паёмбар дар ҳадиси мубораке фармудаанд, ки “касе бо дасти худ худашро ором мекунад, ӯ малъун аст”. Пас, аз чунин чизҳои маснуӣ истифода кардан низ аз нигоҳи дини мубини Ислом мамнӯъ ва ҳаром мебошад.”
Зеро ба таъкиди ин масъули шӯъбаи фатво, “ҳамаи инҳо хатаре ба саломатӣ доранд ва ҳам насли инсонҳоро ба нестӣ мебаранд.” Мусоҳиби мо афзуд, истифода аз чунин арӯсакони сунъӣ меҳру муҳаббат ва оиладориро низ аз миён хоҳад бурд. Дар ҳоле ки ба таъкид оқои Хомӯшӣ, “оила чизи муқаддас аст. Дар бораи муқаддас будани оила дар Қуръон низ таъкидҳои зиёде рафтааст. Илова бар ин, ин арӯсакон наметавонанд мисли занҳо рафтору гуфтор ва шафқату бӯй дошта бошанд. Ҳамсар ё зан рафиқи зиндагӣ аст ва ба ҳеч ваҷҳ ин арӯсакон ҷойи ҳамсаронро гирифта наметавонанд. Набояд ҷавонон занҳои худро ба чунин чизҳои маснӯӣ баробар ё иваз кунанд.”
Ҷамолиддин Хомӯшӣ, як масъули шӯъбаи фатвои Маркази исломии ТоҷикистонИн масъули шӯъбаи фатво иддаои касонеро, ки гӯиё аз ночорӣ ва ё ба далели ин ки қудрати издивоҷро надоранду аз ин арӯскони сунъӣ истифода мекунанд, нодуруст ва иштибоҳ номид. Вай ба нақл аз фармудаҳои паёмбари ислом гуфт, агар касе наметавонад издивоҷ бикунад ва ё шавҳаташ болост, бояд рӯза бигирад, то оромиш пайдо кунад.
Дар Тоҷикистон истифода аз арӯсакҳои сунъӣ роиҷ нест. Вале бино ба хабари баъзе расонаҳо, як ширкати чинӣ тасмим дорад, ояндаи наздик теъдоди зиёди чунин арӯсакони сунъиро вориди Тоҷикистон кунад. Шӯъбаи фатвои Маркази исломӣ мегӯяд, то ҳол аз Хадамоти гумрук дар ин бора ба онҳо муроҷиат накардаанд, ки оё вуруди чунин занҳои маснӯӣ аз нигоҳи шариати ислом дуруст аст, ё на.