Ҷуръати Омбудсмен. Ҳимоят аз муҳоҷирон, интиқод аз мақомоти рус
Ҳумайрои БАХТИЁР
Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон, дар афзоиши қонуншиканиҳои муҳоҷирони корӣ дар Русия мақомоти русро айбдор донист.
Ализода рӯзи 19-уми апрел зимни як ҳамоиш дар Душанбе дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, “95 дарсади муҳоҷирони тоҷик намехоҳанд қоидаҳои ҳузур дар Русияро нақз кунанд, аммо талабот, амали пулис ва низоми мушкили қонунгузории Русия онҳоро водор мекунад, ки ғайриихтиёр қонунҳои ин кишварро вайрон кунанд.”
Омбудсмен афзуд, “Русия бо зуд – зуд иваз кардани қонунгузориҳояш дар мавриди ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ вазъи будубоши муҳоҷиронро дар қаламраваш мушкил мегардонад. Барои мисол, мақомоти рус муайян кардаанд, ки ҳар як муҳоҷир бояд тавассути дастгоҳи электронӣ ҳузурашро дар Русия ба қайд бигирад. Ин кори содда нест, чун аксари муҳоҷирони тоҷик аз манотиқи дурдастанд ва таҷрибаи кор бо дастгоҳҳои электрониро надоранд.”
Омбудсмени тоҷик бо таассуф таъкид кард, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳам аз ҷониби мақомоти он кишвар ва ҳам аз ҷониби ҷамъиятҳои тоҷик ба як воситаи тиҷорат ва гирифтани холҳои сиёсӣ табдил ёфтаанд: “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Русия нисбат ба Тоҷикистон фоидаи бештаре меоранд. Вале ин масъала дар бештари маврид обуранги сиёсӣ мегирад ва баъзан сиёсатмадорони рус ба таҳдидҳое, чун роҳандозии виза ё раводид даст мезананд.”
Баробари ин Ализода гуфт, аз хабари ВАО оиди гирифтани фарзандон аз дасти муҳоҷирони тоҷик дар Русия огоҳ аст ва базудӣ ба ин қазияҳо вокуниш нишон хоҳад дод. Ӯ ваъда дод, ки баъди ҷамъоварии иттилои бештар, барои ҷилавгирӣ аз ситондани кӯдакони муҳоҷирони тоҷик ба ҳамтоёни русаш муроҷиат хоҳад кард.
Ахиран расонаҳои Русия аз афзоиши ҳолатҳои гирифтани фарзандони ноболиғ аз дасти муҳоҷирон изҳори нигаронӣ кард. Аз ҷумла саргузашти муҳоҷири тоҷик, Азизро мисол овардаанд, ки моҳи феврал маъмурони пулис ба ҷои иқомати ӯ омада, ба далели ҳузури ғайриқонуниаш дар ҳудуди Русия фарзандони 2 ва 4-солаашро аз дасташ гирифтаанд. Азиз нақл кардааст, ки мақомот фарзандонашро ба хонаи кӯдакони рақами 6 супорида, мулоқоти волидайнро бо онҳо маҳдуд кардаанд.