Муомилоти пулҳои қалбакӣ 5 баробар зиёд шудааст
Оҷонсии мубориза бо фасод ва ҷиноятҳои иқтисодии Қазоқистон аз афзоиши муомилоти пулҳои қалбакӣ дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кардааст.
Тавре расонаҳои қазоқӣ аз қавли Мурод Ҷуманбой, корманди Оҷонсии мубориза бо фасод ва ҷиноятҳои иқтисодии Қазоқистон иттилоъ медиҳанд, дар ин кишвар муомилоти пулҳои қалбакӣ дар соли сипаришуда нисбат ба солҳои пешин 5 баробар афзоиш ёфтааст. Мурод Ҷуманбай гуфтааст, дар соли 2012 ду ҳазору 878 ҳолати ба муомилот даровардани пулҳои қалбакӣ ошкор карда шудааст, ки ин нишон дод нисбат ба соли 2011 панҷ баробар зиёд аст.
Ин корманди Оҷонсии мубориза бо фасод ва ҷиноятҳои иқтисодии Қазоқистон таъкид кардааст, ки бештари ин ҳолатҳо дар марказҳои савдо, нуқтаи муболиаи асъор ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ошкор карда шудааст.