Мансабдорони тоҷик китобхарӣ мераванд
Дар бист соли истиқлолият образи мансабдори тоҷик қариб тағйир наёфтааст. Мансабдори тоҷик дар тасаввури мардуми оддӣ ҳавобаланд, доноталош (яъне худро мутахассиси беназир ва ҳамадон вонамуд менамояд, аммо дар асл омили асосии қафомонии соҳа аст), фарбеҳ, сарватманд, олуфта… мебошад. Мансабдори тоҷикро дар толорҳои театр, толори китобхона, арт галереяи Сўҳроб Қурбонов, дар сўҳбати олимон ҳеч гоҳ надидаанд. Онҳоро дар китобфурўшиҳо дидан бо як калима тасаввурнопазир аст. Аммо вақтҳои охир дар дўконҳои китобфурўшӣ пайдо гардидани мансабдорони тоҷик ба қавле сенсатсия шуд. Чаро ва чӣ сабаб гардид, ки мансабдорон рў ба китобфурўшиҳо биёранд? Ва чаро дар бист сол ҳамагӣ як бор?
Агар фикр карда бошед, ки онҳо ахиран дарк кардаанд, ки аз роҳи китобхонӣ метавон донишу ҷаҳонбиниро ташаккул дод, пас хато мекунед. Онҳо супориш гирифтаанд, ки чандтоӣ китоб аз хонаҳояшон барои пур кардани китобхонаи тозабунёди миллӣ биёранд. Чун онҳо бист сол вақти худро сарфи ҷамъ намудани ашёи қимматбаҳо кардаанд, шояд дар хонаашон китоб надоштаанд, ки рў ба дўконҳои китобфурўшӣ аниқтараш ба дўконҳои "букинист" овардаанд.
Як нафар фурўшандаи дўкони "букинист" мегўяд, ки тамоми китобҳои кўҳнаеро, ки ба як сомонӣ фурўхта наметавонист, алъон ба қимати чор -панҷ сомонӣ ба мансабдорон фурўхтааст. Ва чандин кило китобҳои беарзишеро, ки то ин замон ҳар як килояшро бо нархи як сомонӣ ба онҳое, ки коғази ташноб истеҳсол мекунанд, мефурўхтааст, мансабдорон ба қимати се- чор сомонӣ харидаанд. Сабаби маҳз ба дўконҳои ба истилоҳ "букинист" рў овардани амалдорон танҳо арзон будани нархи китобҳои аз замони Шўравӣ монда ва дар аксар ҳолат даҳсолаҳо ба фурўшнарафта мебошад. Ин далолат аз он мекунад, ки эшон он қадар эҳсоси баланди миллӣ надоранд, ки барои насли ояндаи миллат пули бештареро харҷ намуда китобҳои арзишмандтареро бо нархи гаронтар бихаранд.
Шояд ҳеч амали ҳукумати Тоҷикистон дар ин бист сол пурарзиштар ва мондагортар аз бунёди Китобхонаи миллӣ набошад. Аммо дар охири кор китобғундориро ба як маъракаи масхара табдил додан арзиши ин кори савобро коҳиш медиҳад. Беш аз ин тасаввуреро ба миён меорад, ки миллати тоҷик аз китобу китобдорӣ огоҳ нест. Зеро ҷамъ намудани китобҳои арзонбаҳои якрангу якмавзўъ хазинаи китобхонаро ба ҳеч ваҷҳ ғанӣ намегардонад ва фарҳанги ҳазорсолаи китобдорию китобхонадории миллатро зери суол мебарад.
Ҳукумати Тоҷикистон, ки маблағи зиёдеро барои бунёди ин кохи фарҳангу илм харҷ намудааст, зарур аст, ки ҳарчӣ тезтар ин маъракаро қатъ карда ва барои харидани китобҳои пурарзиш аз дохилу хориҷ маблағ ҷудо намояд. Ҳамчунин, барои харидани китоб аз ҳисоби олимону фарҳангиён як комиссияи босалоҳият ташкил намояд, ки бо назардошти қоидаҳои китобдорӣ ва арзишмандии китобҳо китобхонаро таъмин намоянд. Наход ҳукумат барои пур намудани як китобхона ҳарчанд калон ҳам бошад, оҷиз бимонад. Наход харидани китоб барои Китобхонаи миллӣ баробари иду ҷашнҳои лозиму нолозим арзиш надошта бошад?
Азизи Нақибзод
{jathumbnail off}