Тафтиши шиносномаҳо ва шикояти сокинон аз худсарии пулис
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо ҳадафи дарёфти шахсони дар кофтукоббуда, нафарони гумшуда ва атбои беқайди хориҷию дохилӣ дар шаҳри Душанбе маъмурони пулис шиносномаи сокинонро тафтиш мекунанд.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, санҷиши асноду шиносномаҳо давоми 10-15 рӯз идома хоҳад кард. Асадуллоев афзуд, чунин санҷишҳо бештар дар нуктаҳои криминогенӣ, ҷойҳое, ки ҷиноятҳои гуногун нисбатан зиёд сар мезананд, гузаронда мешаванд: “Ин санҷишҳо одатан ҳар шашмоҳа ё як сол пас гузаронида мешаванд. Мақсади он муайян кардани шаҳрвандони беқайди дохилию хориҷӣ дар Душанбе ва инчунин дарёфти шахсони гумшудаю дар кофтуковбуда мебошад.”
Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони Душанбе аз шеваи тафтиши аснод ва дағалии маъмурони пулис шикоят мекунанд. Аз ҷумла, кормандони тарабхонаи “Кебаб Хаус” дар суҳбат бо хабарнигорон шикоят кардаанд, ки шабона баъд аз анҷоми кор зимни бозгашт ба хонаҳо дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт воситаи нақлиёти онҳоро маъмурони пулис нигоҳ доштаанд. Баъд аз тафтиши асноди мошину ронанда, маъмури “ОМОН” аз онҳо шиносномаҳоро талаб кардааст. Кормандони тарабхона мегӯянд, вақте онҳо аз маъмури пулис хостаанд, ки бо кадом асос шиноснома металабад, ӯ ба хашм омада, ҳатто онҳоро мавриди латту кӯб қарор додааст.
Ин санҷишҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки имсол моҳи ноябр дар кишвар интихоботи раисиҷумҳур дар назар аст. Аввали соли равон Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ бо ишора ба интихоботи моҳи ноябр аз эҳтимоли афзоиши таҳдидҳо ба амнияти кишвар ҳушдор дод ва маъмурони пулисро ба ҳушёрӣ даъват намуда буд.