Боздошти ҷавони 27-сола бо 400 санги қимматбаҳо дар Бадахшон
Мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо сокини 27-солаи ноҳияи Ишкошимро боздошт кардааст.
Тавре ин ниҳод иттилоъ медиҳад, Хурсанд Шердилов, сокини ноҳияи Ишкошими Бадахшон зимни фурӯши беш аз 400 санги қимматбаҳо ба атбои афғон дастгир шудааст. Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда гуноҳашро иқрор карда, эътирофот додааст.
Мақомоти амният мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.