Амрико Узбакистонро “ҷазо” медиҳад
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мехоҳад Узбакистонро ба хотири истифодаи иҷбории нерӯи кӯдакон, муҷозот кунад.
Тавре расонаҳои ғарбӣ иттилоъ медиҳанд, беш аз 50 ширкату созмон ва сармоягузорони амрикоӣ бо ирсоли як нома аз Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷии ИМА хостаанд, ки мақоми Узбакистонро дар ҳисоботи ҷаҳонӣ оид ба қочоқи инсон поин бибарад, то ин кишвар аз истифодаи иҷбории нерӯи кӯдакон худдорӣ кунад.
Тибқи гузоришҳо, дар соли 2012 мақомоти узбак ба хотири ҷамъоварии пахта садҳо ҳазор кӯдакон ва калонсолонро ба саҳро иҷборан сафарбар намудааст, ки миёни онҳо муаллимон, духтурон, донишҷӯён ва талабагони макотиби миёна низ дида мешуд. Гуфта мешавад, дар сурати нарафтан ба ҷамъоварии пахта ин афрод аз симатҳои худ барканор карда мешуданд.