Душанбе розӣ шуд, Бритониё нерӯҳояшро аз тариқи Тоҷикистон берун барад
Созишнома дар бораи берун рафтани нерӯҳои Бритониё аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санадро рӯзи 18-уми апрел Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Робин Орд Смит, сафири Бритониё дар Душанбе, тасвиб карданд.
Созишномаи мазкур таъмини амнияти интиқоли таҷҳизоти низомӣ ва ҳарбиёни Бритониёву Ирландияро тавассути Тоҷикистон кафолат медиҳад. Бо наздик омадани соли 2014, соли хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, Тоҷикистон ба унвони кишвари ҳаммарз бо Афғонистон бештар мавриди таваҷҷӯҳи кишварҳои ғарбӣ қарор мегирад.
То имрӯз аз давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо Қирғизистону Узбакистон барои берун баровардани нерӯҳои НАТО худро ҳамчун кишвари транзитӣ эълон карда, дар ин баробар шарту усулҳое низ пеш гузоштаанд. Ҷониби Тоҷикистон эълон дошта буд, ки барои истифода аз роҳҳояш ҳоло шартеро пеш нагузошта, ин масъала дар ҳоли баррасист.
Масъалаи мазкур аввалин бор баҳори соли 2012 аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Ник Ҳорвей, вазири низомии Бритониё, матраҳ шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон ваъда карда буд, ки Тоҷикистон масъалаи ҳамкорӣ барои берунории нерӯҳои НАТО-ро ба баррасӣ гирифта, аз натиҷаи қарори худ дар зудтарин фурсат Бритониёро бо роҳҳои дипломатӣ огоҳ хоҳад кард. Барои таҷриба аз роҳҳои Тоҷикистон он замон Бритониё ҳудуди 28 мошинҳои низомии худро берун карда буд.
Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Тоҷикистон барои истифода аз роҳҳои худ метавонад чанд шартеро ба кишварҳои ғарбӣ пешниҳод кунад.