Таъини кадрҳои нав ва даъват алайҳи ҷинояткорӣ
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 18-уми апрел кадрҳоеро, ки тоза ба мақомҳои нав ҷойгузин шудаанд, ба ҳузур пазируфта ва онҳоро ба “муборизаи беамон бо ҷинояткориву ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон” даъват кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ахиран Зеваршо Зеваршоев муовини вазири кишоварзӣ, Нигина Абдуллоева муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ, Диловар Латипов ректори Донишкадаи санъат ва Зафаршо Иброҳимов, муовини директори Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардидаанд.
Манбаъ мегӯяд, инчунин роҳбарони шуъбаҳои Вазорати умури дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Масчо, Ҳамадонӣ, Данғара, Носири Хусрав, Турсунзода ва Файзобод низ иваз шудаанд.