Маҳалли баргузории бозиҳои ХХIII-юми зимистонаи олимпӣ муайян шуд
Бозиҳои ХХIII-юми зимистонаи олимпии соли 2018 дар шаҳри Пхенчхани Кореяи ҷанубӣ баргузор хоҳад гашт.
Қарори мазкурро ҷаласаи Кумитаи байналмиллалии олимпӣ дар шаҳри Дурбани Африқои ҷанубӣ қабул кардааст. Аз миёни се довталаб - Пхенчхани Кореяи ҷанубӣ, Мюнхени Олмон ва Ансии Фаронса аввалӣ бо аксарияти овозҳо пойтахти баргузории ин бозиҳо интихоб гардид.
Пхенчхан ҳарифони худ Мюнхени Олмон ва Ансии Фаронсаро дар даври аввали овоздиҳӣ пеш гузашта, дар ин давр беш аз нисфи орои аъзои КБО (МОК)-ро, ки дар ин овоздиҳӣ ширкат доштанд, соҳиб шуд. Акнун Пхенчхан аз шаҳри Сочии Русия парчами пойтахти баргузории бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018-ро хоҳад гирифт.
Бояд гуфт, ки Кореяи ҷанубӣ маротибаи саввум буд, ки барои баргузории чунин бозиҳо талош мекард ва роҳандозии барномаҳои зиёди варзишӣ ва пуштибонии молии давлат боиси ғолибияти ин навбати Кореяи ҷанубӣ гардидааст. Мардуми ин кишвар низ ҳамаҷониба пешниҳоди раҳбарияташро дастгирӣ кардаанд ва аммо сокинони ду шаҳри дигари аврупоии довталаб -Мюнхен ва Анси борҳо бо нишони эътироз ба баргузории чунин бозиҳо садо баланд карда буданд. Онҳо гуфтаанд, иловатан ба тахрибҳои экологӣ баргузории чунин бозиҳо ба буҷаи кишварашон хисороти зиёди молӣ меовардааст.
Кореяи ҷанубӣ дар ду муборизаи аввал нисбат ба Ванкувери Канада (соли 2010) ва баъдан ба Сочии Русия (2014) овози камтар гирифта буд.{jathumbnail off}