Чаро ҳукумат ба ҳарфи аҳзоби мухолиф гӯш намедиҳад?
Исмоил Раҳматов, коршиноси масоили сиёсӣ:
“Камрангии фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар ҷомеаи мо барои ҳамагон маълум аст. Андешаву мавқеъгирии раҳбарони аҳзоби мухолиф дар расонаҳои хабарӣ мунташир мешавад. Онҳо талош доранд, то мардумро аз мақоми худ огоҳ кунанд. Вале ақидаву мавқеъгирии онҳо аз ҷониби ҳукумат ба назар гирифта намешавад. Мақомоти давлатии мо кушиши қабул кардани андешаҳои мухолифинро надоранд. Онҳо намехоҳанд, ки интиқод аз рафти фаъолияташон зиёд бошад, аз ҳамин хотир ҳукумат ба қабули пешниҳодот ва мавқеи мухолифин ҳавасманд нест. Чунки тамоми бахшҳои давлатдорӣ дар кишвари мо ба фасод олуда ҳаст. Мухолифин, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ аз маавҷудияти ин падидаи номатлуб интиқод мекунанд, ки афроди сари мансаб ва қудрат буда онро нодида мегиранд. Гуногунандешӣ дар ҷомеаи мо бояд ҷой дошта бошад, зеро он боиси рушди бахшҳои давлатдорӣ мегардад. Аммо ҳамин гуногунандешии ҳизбҳои мухолифро ҳукумати Тоҷикистон умуман қабул надорад. “
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос:
“Мо гуфта наметавонем, ки дар ҷомеаи мо танҳо мавқеъгирӣ ва андешаҳои ҳизбҳои мухолифро қабул надоранд. Ҳукумати кишвар андешаву талошҳои созмонҳои ғайриҳукуматиро низ нодида мегирад. Мушоҳида нишон медиҳад, ки ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ фаъолтар нисбат ба мақомоти давлатӣ ҳастанд. Аз ҷониби дигар сабаби ба инобат нагирифтани мавқеъгирии аҳзоби мухолиф дар раванди сиёсии кишвар дар он аст, ки ҳизбҳои мо худ заминаи молӣ барои фаъолияти густарда надоранд. Барномаи дурнамо надоранд. Барои рушди ҷомеа ҳаракат бояд аз ду ҷониб бошад. Ҳам аз ҷониби аҳзоби мухолифин ва ҳам аз ҷониби давлат. Онҳо бояд ҳамкориро миёни ҳам ба роҳ бимонанд. Ҳамкории ҳукумат бо аҳзоби мухолиф ва ба инобат гирифтани пешниҳодоти онҳо як вижагии ҳар ҷомеаи пешрафта мебошад. Дигар роҳе барои рушд нест. Дар ҳар кишвар ҳукумат афкори ҷомеаро ба инобат мегирад. Вале дар Тоҷикистон ин ҳамкорӣ ба роҳ монда нашудааст.”
Лоҳутӣ Сафаров, масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ:
“Бояд гуфт, аз 8 ҳизбе, ки расман дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, 5-тои он дар парлумон намоянда дорад. Ҳизбҳои сиёсӣ замоне дар ҷомеа мақом пайдо мекунанду ҳукумат ба ҳарфи онҳо гӯш медиҳад, ки агар онҳо дар барномаҳои худ дар робита ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баъзе аз ислоҳотро пешбинӣ карда бошанд. Ҳизбҳои сиёсӣ дар барномаҳои худ бояд манфиатҳои мардумро ба инобат бигиранд. Ба назари ман ҳамкории ҳукумат бо аҳзоби мухолиф ба роҳ монда шудааст. Барои мисол, Маркази тадқиқоти стратегӣ бо аҳзобе, ки дар барномаҳояшон нисбат ба рушди ҷомеа ва дурнамои давлатдорӣ зикр кардаанд, ҳамкории устувор дорад.”