Комиссияи таҳрири кодекси андози нави Тоҷикистон ҷаласаи аввалинашро баргузор кард
Ҷаласаи нахустини комиссия оид ба таҳрири лоиҳаи нави кодекси андози Тоҷикистон дар вазорати молия баргузор шуд.
Дар ин бора ба хабаргузории «озодагон» аз дафтари матбуотии ин вазорат иттилоъ доданд. Тибқи хабари манбаъ, дар нишаст тарҳи чорабинӣ ҷиҳати иҷрои дастурҳои қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъоили дорои хусусияти ташкилӣ дошта баррасӣ гардиданд.
Ба ҷуз ин, дар нишасти мазкур тағйиру иловаҳо бо дарназардошти пешниҳодот пазируфта шуда, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия, ҳамзамон райиси комиссия аъзоёни комиссияро бо вазифа ва масъулияташон ошно кард. Зикр гардид, ки ба нишонӣ ва суроғаи электронии вазорату кумита ва мақомоти зирабт санадҳои зарурӣ ирсол ва аз онҳо пешниҳодҳои вижаро комиссия дар зудтарин фурсат қабул кунад. {jathumbnail off}