Президент: Назари қонунгузорон дар бораи буҷаи соли 2012 мухталиф аст
Пешвоёни аҳзоби сиёсии ИМА тасмим гирифтаанд дар бораи ҳалли масоили марбут ба буҷаи ин кишвар бе танаффус ва рӯзи истироҳат кор кунанд.
Ин нуктаро президенти Амрико, Борак Ҳусейн Обама пас аз иштирок дар ҷаласаи Конгресс иброз доштааст. Бино ба қавли ӯ, қонунгузорони Амрико дар масъалаи буҷаи давлатӣ ба созиш нарасиданд ва тасмим гирифтанд, барои ҷилавгирӣ аз дефолти қарз музокиротро дар рӯзҳои охири ҳафта идома диҳанд. Президент гуфт, назари демократҳо ва ҷумҳурихоҳон дар бисёре аз масъалаҳои марбути буҷа аз ҳамдигар хеле дур аст. Вай афзуд, ба хотири мардуми Иёлоти Муттаҳида тарафҳо бояд иқдоми дуруст кунанд.
Гуфта мешавад, Обама ва сарони Конгресс ҳадаф доранд, ба коҳиши 3 ё 4 триллион доллар дар буҷа даст ёбанд. Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло касри буҷаи Иёлоти Муттаҳида ҳудуди 1 миллиарду 500 миллион долларро дар бар мегирад. {jathumbnail off}