Собкалов: Сарусадо оиди қаторҳои Тоҷикистон кори дасти Онишенко ва Рогозин аст (ВИДЕО)
Владимир Собкалов, муовини раиси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, изҳороти ахирро дар мавриди манъи вуруди қаторҳои тоҷик ба қаламрави Русия “амалинашаванда” хонд.
Собкалов рӯзи 16-уми апрел дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “расман дар Русия ягон ниҳод барои қатъи иртибот тавассути роҳи оҳан бо Тоҷикистон пешниҳоде накардааст. Баъдан ҳамлу нақли байналмилалӣ қоидаҳои худро дорад ва ин амал умуман ғайриимкон аст.”
Ӯ гуфтугузорҳоро оиди вазъи бади санитарии қаторҳои Тоҷикистон беасос гуфт ва афзоиши чунин сарусадоҳоро ба шахси Дмитрий Рогозин, ноиби сарвазири Русия ва Генадий Онишенко, сардухтури санитарии Русия рабт дод, ки нисбати Тоҷикистон муносибати муътадил надоранд. Дар илова Собкалов таъкид кард, ки қаторе, ки мавриди тафтиши Онишенко ва Рогозин қарор гирифтааст, айни ҳол дар роҳ бо Тоҷикистон аст: “Баъди гуфтугузори муфассал бо ҳайати қатора дар мавриди ин қазия иттилои бештар хоҳам дод.”
Ин дар ҳолест, ки Владимир Мочалов, масъули идораи марзбонии Хадамоти федералии амнияти Русия ё ФСБ рӯзи 15-уми апрел пешниҳод кардааст, то замони бартараф шудани як қатор камбудҳои ҷиддие, ки дар қатор ё поездҳои Тоҷикистон ҷо доранд, вуруди онҳо ба қаламрави Русия манъ шавад.
Бар асоси иттилои хабаргузориҳои Русия, Дмитрий Рогозин, ноиби нахуствазири Русия ва Генаддий Онишенко, сардухтури санитарии Русия аз қаторҳои Тоҷикистон дидан карда, изҳор доштаанд, ки вазъи санитарии онҳо ба одитарин талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд. Бино ба ин Мочалов пешниҳод кардааст, “Вазорати нақлиёт якҷоя бо роҳҳои оҳани Русия ба Шӯрои Иттиҳоди давлатҳои мустақил санад дар бораи қатъи иртибот бо Тоҷикистон тавассути роҳи оҳанро пешниҳод намоянд.” Мочалов зарур донистааст, ин маҳдудият то бартараф кардани камбудҳои ошкоршуда мавриди амал қарор гирад.