Дар ҳоли ҳозир беш аз як миллион сокини Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ доранд ва рӯзии худу хонаводаашонро аз он ҷо дармеёбанд. Хабарнигори “Озодагон” аз масъулону муҳоҷирон ва коршиносон пурсид, ки оё ин муҳоҷират чӣ фоидаву чӣ зараре ба дунбол хоҳад дошт?
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ:“Вақте аз деҳаи танг берун меравад, бо ҷаҳони нав шинос шуда ҷаҳонбинии муҳоҷир дигар мешавад. Ҳамчунин дар сафар ба мушкилоти зиёд дучор мешавад ва меҳру муҳаббаташ нисбат ба ватан афзоиш меёбад. Ин як, ва дувум ҳар нафаре, ки ба муҳоҷират меравад, агар як ҳунар дошта бошад, чандин ҳунари дигарро ҳам ёд мегирад ва бо ҳамин барои зиндагии ояндаи худ як заминаи беҳтаре фароҳам меорад. Сеюм, баъзе аз муҳоҷироне, ки мераванд, дар онҷо заминаи бизнеси худро меёбанд ва вақти бозгашт ба ватан онҳо захираҳое ҳастанд, ки метавонанд як кореро анҷом диҳанд ва барои ватанашон боз ҳам як хизмати хуберо анҷом бидиҳанд. Ин муҳоҷират шиддати иҷтимоиро дар Тоҷикистон камтар мекунаду муборизаи қувваҳои гуногун суст мешавад.”
Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират:“Муҳоҷирати корӣ бо худ судҳои калон дорад ва вақте ки муҳоҷирони дар кишвари қабулкунанда кору фаъолият мекунанд, табиист, ки интиқоли маблағҳо сурат мегирад. Ин маблағҳо дар буҷаи кишвар ҳам таъсири худро мегузорад. Вақте ин маблағҳо дар хонаводаҳо ворид мешавад, онҳо метавонанд барои рафъи эҳтиёҷоти худ, аз ҷумла таҳсили фарзандон, сохтани мағозаҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ нақши басазое дошта бошад. Аз нигоҳи фарҳангӣ ҳам ҳангоми муҳоҷират табодули афкору таҷруба ва омӯзиши фарҳанг инчунин наздикшавии миллатҳову кишварҳо бо якдигар сурат мегирад. Муҳоҷир он дастовардҳоеро, ки аз ҳисоби фаъолияти худ меъморӣ, шаҳрсозӣ ё бунёди иншоотҳост, ба кишвари худ интиқол медиҳад.”
Алим Шерзамонов, масъули ҲУСДТ:“Албатта дар ҳоли ҳозир муҳоҷирати корӣ вобаста ба тақсимоти байналмилалии меҳнат як амри воқеист ва хоҳем нахоҳем он боқӣ мемонад. Албатта, агар фоида ва зарари муҳоҷирати меҳнатии тоҷиконро дар паллаи тарозу гузорем, шояд аз фоидааш зарараш ба маротиб зиёд бошад. Имрӯз агар гӯем, ки аксарияти кулли аҳолии Тоҷикистон рӯзиашро аз ҳисоби маблағҳои воридкардаи муҳоҷирони меҳнатӣ мегузаронад, хато намекунем. Ғайр аз ин қурби асъори миллӣ гардиши пулу мол дар бозори дохилии Тоҷикистон ва дар ниҳояти кор суботи иҷтимоӣ низ аз маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ вобаст аст. Вале чун асосан муҳоҷирати мо ба Русия сурат мегирад ва иқтисодиёти ин кишвар пурра аз арзиши нафту газ дар бозори ҷаҳонӣ вобаста аст, чи иқтисодиёти Русия ва дар ниҳояти кор суботи Тоҷикистон метавонад дар ояндаи на чандон дур ба хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ шавад.”
Иршод Сулаймонӣ, устоди Донишгоҳи миллӣ:“Муҳоҷират, албатта, фоида ҳам дорад. Аммо дар дарозмуддат шояд зарараш аз фоидааш бештар шавад. Имрӯз агар аз як тараф кӯдакони мо дур аз тарбияи падар калон шаванд, аз ҷониби дигар ҷавонони мо аз муҳоҷират бо бемориҳои гуногун бармегарданд, ки ин ҷои нигаронӣ дорад. Гузашта аз ин, муҳоҷирони мо дар шароитҳои сахт кор ва зиндагӣ мекунанд, ки қабул намудани шароити бад, гардан фаровардан ба вазъи сангин инсонро аз пешравӣ боз медорад ва шахсро мутеу фармонбардор мекунад. Ғурури инсонро мешиканад.”