Вазорати умури хориҷӣ иддаои Зоировро “ғарази шахсӣ” номид
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иддаои Раҳматулло Зоировро дар бораи ин ки Чин бештар аз хатти муайяншуда вориди хоки Тоҷикистон шудааст, рад кард.
Абдулфайз Атоев, сухангӯи Вазорати умури хориҷӣ, рӯзи сешанбеи 16-уми апрел гуфт, ин изҳороти раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон беасосу иғвонгез буда, ба созишномаи Тоҷикистону Чин ҳеҷ рабте надорад. Вай ин иддаои Зоировро танҳо “ғарази шахсӣ” номид.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Раҳматулло Зоиров дар сӯҳбат бо радиои Садои Хуросон гуфт, “эҳтимол, Тоҷикистон дар ивази қарзҳо қисме дигар аз қаламраваш дар ноҳияи Мурғобро ба ихтиёри Чин бигузорад”. Вай гуфтаaст, шахсан ба ноҳияи Мурғоб рафта ва дидааст, ки “марзбонони чинӣ дар бахше аз манотиқ то 20-километрии дохили хоки Тоҷикистон нуфуз кардаанд, ҳол он ки бар асоси қарордоди аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Чин, танҳо ҳазор километри мураббаъ аз заминҳои ноҳияи Мурғоб ба ҷониби Чин вогузор шуда буд.”
Ба ин тартиб, раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон бовар дорад, Чин беш аз манотиқи марзии вогузоршуда ба ин кишвар дар вилояти Бадахшон ба қаламрави ноҳияи Мурғоб ворид шудааст. Ҷаноби Зоиров ҳамчунин интиқоли нерӯ ва размоиши ахири Артиши Тоҷикистон дар Бадахшонро ба вогузории қисме аз марзи кишвар ба Чин рабт додааст, ки эҳтимол вокуниши сахти сокинони минтақаро ба бор хоҳад овард.
Тоҷикистон дар оғози соли 2011 расман қисмате аз қаламрави худро дар ихтиёри Чин гузошт, ки мақомот аз он ба унвони “замини даъвоӣ” ном мебаранд. Ин тасмим, албатта, вокунишҳои ҷомеаи маданӣ ва намояндагони аҳзобу мухолифонро ба вуҷуд овард, аммо мақомоти расмӣ гуфтанд, Душанбе бо вогузории ин замини даъвоӣ худро аз чанголи “аждаҳои сурх” наҷот додааст.
Чин яке аз кишварҳои аслии қарздиҳандаи Тоҷикистон аст, ки то кунун роҳи Душанбе-Чаноқро бозсозӣ кардаву нақби Шаҳристонро низ бунёд ва дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштааст. Даҳҳо иншооти дигари муҳими Тоҷикистон бо пули Чин бунёд мешавад, ки бозгардонии онҳо зоҳиран барои Тоҷикистон саҳлу содда нахоҳад буд.
Дар акс: Абдулфайз Атоев, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон