Пирӯзии “Равшан”-у “Истиқлол” дар бозиҳои даври дувум
Бозиҳои даври дувуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзҳои 13 ва 14-уми апрел миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд.
Рӯзи якшанбеи 14-уми апрел дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар бозии нахустинаш дар мусобиқаи имсола бар дастаи футболи “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Дар бозии дигари ин давр дастаи “Панҷшер” аз тими “Истиқлол” бо ҳисоби бузурги 2:6 мағлуб шуд.
Ёдовар мешавем, ду бозии аввали даври дуюми мусобиқот рӯзи шанбеи 13-уми апрел баргузор гардида буд. Дар ин бозиҳо дастаи “Хуҷанд” бар тими “Парвоз” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Бозии “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт.
Бозиҳои даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ рӯзҳои 20 ва 21-уми апрел баргузор хоҳанд шуд.