Ҳамсари Қувватов: “Шавҳарам аз роҳи интихобкардааш пушаймон нест”
Қумрӣ Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, ҳукми додгоҳи Дубайро дар бораи истирдоди шавҳараш ба Тоҷикистон ноодилона номид. Ӯ рӯзи якшанбе дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин ҳукм дар ҳоле эълон шуда, ки ҳамсараш дар толори додгоҳ ҳузур надошт.
Хонум Ҳафизова мегӯяд, бори охир Қувватовро рӯзи нуҳуми апрел дар мурофиаи додгоҳӣ дар Дубай дида, 14-уми апрел бо ӯ суҳбати телефонӣ кардааст. “Вақте шавҳарамро дидам, бо ман хайрухуш кард. Гуфт, шояд дигар набинем. Боз мегӯям, ки шавҳари ман бегуноҳ аст”,-афзуд ӯ.
Ҳамсари Қувватов мегӯяд, раҳбари созмони сиёсии “Гурӯҳи 24” барои халқ худро қурбон кардаву аз ин роҳи интихобкардааш ҳам пушаймон нест. Ӯ ба ҳамсараш гуфтааст, агар мардум ӯро бо некӣ ёд кунанд, барояш кофист. Қумрӣ Ҳафизова гуфт, “фахр мекунам, ки чунин шавҳар дорам! Ӯ мардонавор рафтор кард. Худро барои мардуми азияткашида қурбон кард. Фикри 5 фарзанди ноболиғашро накард. Хоҳиш мекунам, ки мардум дар ҳаққи шавҳари ман дуо нек кунанд.”
Мусоҳиби мо дар идома афзуд, бовар надорад, ки дар сурати истирдодаш ба Тоҷикистон, Умаралӣ Қувватов зинда бимонад. Аз ин пеш, бархе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Амнести Интернешнл аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хоста буд, Қувватовро ба Тоҷикистон таслим накунад. Зеро ба бовари ин созмон раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро дар Ватан ҳабси тӯлонӣ ва шиканҷа интизор аст.
Ҳакимов: Қазияи Қувватов кайҳо сиёсӣ шудааст
Ин дар ҳолест, ки Шокирҷони Ҳаким, доктори илми ҳуқуқ ва муовини раҳбари Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, дар сурати истирдод Умаралӣ Қувватовро ягон вакили дифоъ наметавонад ҳимоя кунад. Чаро ки ба гуфтаи ҳуқуқшиноси тоҷик, қазияи Қувватов кайҳо аз чорчӯби ҳуқуқ берун рафта ва сиёсӣ шудааст.
Ҷаноби Ҳакимов рӯзи 14-уми апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ҳукми додгоҳи шаҳри Дубай ниҳоӣ нест ва марҳилаҳои дигари додгоҳиро бояд интизор шуд.” Аммо ӯ мегӯяд, агар Умаралӣ Қувватовро воқеан ба Тоҷикистон истирдод намоянд, “бешубҳа нисбат ба вай меъёрҳои марбутаи Кодекси ҷиноии ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намуда, аз озодӣ маҳрум менамоянд. Ман гумон намекунам, ки вакилони мудофеъ дар шароити кунунии кишвар имконияти ҳимоя кардани ӯро дошта бошанд.”
Рӯзи якшанбе додгоҳи шаҳри Дубай ҳукм кард, ки роҳбари созмони сиёсии “Гуруҳи 24” Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон истирдод шавад. Ҳоло дақиқ нест, ин ҳукм ба чӣ шакл ва дар кадом муддат иҷро хоҳад шуд. Бо ин ҳол, вакили мудофеи Қувватов гуфта, ки имкон дорад, аз болои ин ҳукм шикоят бурда, нафари таҳти ҳимояташро раҳо кунанд.