Ҳукми истирдоди Умаралӣ Қувватов ва норозигии Николаев
Рӯзи якшанбеи 14-уми апрел додгоҳи шаҳри Дубай ҳукми истирдоди Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сиёсии "Гурӯҳи 24", ба Тоҷикистонро содир кардааст. Дар ҳоле ки додгоҳ моҳи марти соли ҷорӣ дархости Душанберо барои истирдоди сареи Қувватов рад карда буд.
Дар ин бора Николай Николаев, вакили мудофеи Умаралӣ Қувватов, дар сафҳаи Твиттераш хабар дода ва гуфтааст, ин ҳукми додгоҳи Дубай анҷоми кор нест ва онҳо барои раҳоии нафари таҳти ҳимояташ талоши бештаре анҷом хоҳанд дод.
Ҳоло маълум нест, ин ҳукм кай ва чигуна мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт. Николаев ҳам дар сафҳаи Твиттераш навиштааст, ҳукми додгоҳро дар даст надорад, вале қонунҳои Имороти Муттаҳидаи Арабӣ имкон медиҳанд, ки онҳо аз болои ин ҳукм шикоят баранд. Вай илова кардааст, ин ҳукми додгоҳ бар хилофи вокуниш ва дархостҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ содир шуд, ки мухолифи истирдоди Қувватов ба Тоҷикистон буданд.
Умаралӣ Қувватов, ки дар гузашта масъули ширкати “Фароз” буд, тобистони соли 2012 ба Маскав рафт ва аз таъсиси созмони сиёсии “Гурӯҳи 24” хабар дод. Ӯ худро мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон эълом кард ва гуфт, ки бояд дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ президент Раҳмон иштирок накунад.
Аммо баъдан моҳи декабри соли гузашта ӯ дар фурудгоҳи Дубай бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт гардид. Мақомот ӯро дар дуздии 6 миллион доллар пули ширкатҳои “Тоҷирон”-у “Фароз” ва шарикони тиҷории онҳо муттаҳам мекунанд. Додситонии кулл ва Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар оғози соли ҷорӣ гуфта буданд, ки алайҳи Қувватов дар ин замина парванда боз шудааст.
Ҳукми додгоҳи Дубай дар бораи истирдоди Қувватов ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки соли 2007 миёни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Тоҷикистон созишнома дар бораи истирдоди мутаҳҳамон ба ҷиноят имзо шудааст. Ба дунболи имзои ин санад, Дубай Абдурасул Ғаффоров, бародари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоевро ба Душанбе интиқол дода буд.