Иқдоми бесобиқа: Табибон имрӯз аз беморон пул намепурсанд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки санаи 13-уми апрел аҳолӣ имкон доранд аз як қатор хизматрасониҳои тиббӣ ба таври ройгон истифода баранд.
Аз вазорати мазкур ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки ин ниҳод таҳти шиори «Фарди солим – миллати солим” тамоми кормандони соҳаро ба ҷойҳои мухталиф сафарбар намудааст ва дар сартосари кишвар чорбинии умуммиҷумҳуриявӣ гузаронида мешвад.
Чунин чорабинӣ дар шаҳри Душанбе, дар Театри опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ баргузор мегардад, ки дар он кормандон ва сармутахассисони ғайривоҳидии Вазорати тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббии ҷумҳуривӣ ширкат намуда, машварати тахассусии ройгонро ба доираи васеи аҳолӣ пешниҳод хоҳанд намуд: “Дар доираи чорабинии марказонидашуда, сокинони шаҳри Душанбе метавонанд аз ташхиси набзу фишор, сабти барқии дил, муайян намудани миқдори қанд дар хун, муоинаи чашм, ташхиси флюорографӣ ба таври ройгон истифода намоянд”.
Бино ба иттилои манбаъ, дар макони баргузории ин чорабинӣ ҷойҳои нишаст, шароити мусоид барои фаъолияти босамари мутахассисон ташкил гардида, гўшаҳои гиёҳдармонӣ ва иттилоотӣ фаъолият менамоянд.
Макони баргузорӣ бо мошинаи ташхиси флюорогрофӣ, дастгоҳи сабти барқии дил, дастгоҳи муоинаи чашм, фишорсанҷ, глюкометр, тарозу, қадченкунак муҷаҳҳаз карда мешавад.
Бо мақсади расонидани ёрии фаврии тиббӣ, бояд дар ҷойҳои ҷамъиятии баргузории чорабинӣ мошинаи ёрии таъҷилӣ дар ҳолати омодабоши фаъолият қарор дошта бошанд.
Устодон ва профессорони муассисаҳоии олии таълимии тиббӣ дар макони баргузории чорабинӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, марказҳои саломатии шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани фарҳангии тиббии ҷомеа бо доираи васеи аҳолӣ сўҳбатҳо ва вохўриҳо баргузор хоҳанд намуд.
Ба шаҳрвандон нисбати омилҳои хатари мусоидаткунандаи бемориҳои ғайрисироятӣ – фарбеҳӣ, камҳаракатӣ, ғизои нодуруст, сўистеъмоли шароб, сигоркашӣ иттилооти илмӣ-оммавӣ пешниҳод карда мешавад.
Дар ин рўз, бо мақсади беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, ба муассисаҳои тиббии ҳама сатҳҳо супориш дода мешавад, ки аёдати беморони дар хона бистаригардидаро анҷом дода, дар доираи имкониятҳои мавҷуда, онҳоро бо маводи дорувории аввалия таъмин намоянд.
Масъулини Вазорати тандурустӣ мегӯянд, яке аз ҳадафҳои асосии чорабинии мазкур дар он ифода мегардад, ки рўзи 13 апрели соли равон, шаҳрвандон имконият доранд ҷиҳати пешгирии бемориҳо ва беҳтар намудани вазъи саломатии худ аз хизматрасонии тиббии ройгон, аз ҷумла амалиёти ҷарроҳӣ дар муассисаҳои тиббии ҳама сатҳҳо истифода намоянд.