Каримов, Путин ва эҳтимоли баҳси нерӯгоҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин ба Русия меравад. Тавре расонаҳои узбакӣ иттилоъ медиҳанд, ин сафари раисиҷумҳури Узбакистон рӯзи 14-уми апрел сурат хоҳад гирифт.
Интизор меравад, зимни ин сафари дурӯзаи Ислом Каримов ба Маскав як қатор масоили ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва тиҷории миёни Узбакистону Русия баррасӣ шаванд.
Бино ба иттилои бархе манобеи хабарӣ, эҳтимол яке аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти Владимир Путин бо ҳамтои узбакаш масоили энержӣ ва бунёд гардидани нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ дар Қирғизистону Тоҷикистон хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз манобеи наздики Маскав дар остонаи сафари Каримов ба Русия мегӯянд, мақомоти рус барои анҷоми ташхиси тарҳи “Қамбарота-1”-и Қирғизистон аз сӯи як комиссиюни байналмилалӣ, ки бо тақозои Тошканд мебошад, розигӣ додааст.