Иёлоти Муттаҳида сармоягузори Тоҷикистонро таҳрим кард
Вазорати молияи Амрико нисбати яке аз калонтарин шарикони сармоягузори Тоҷикистон, Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ кардааст.
Вазорати молия Занҷониро дар “пулшӯӣ”, яъне қонунӣ гардондани маблағҳое, ки аз фурӯши нафти Эрон ба даст меоянд, муттаҳам кардааст. Амрико мегӯяд, бо вуҷуди эълони таҳримҳо нисбати фурӯши нафти Эрон, Занҷонӣ барои фурӯшу гирифтани даромад ба ин кишвар мусоидат кардааст.
Дар рӯйхати ширкатҳои Занҷонӣ, ки мавриди таҳрими Амрико қарор гирифтааст, аз ҷумла “Kont Investment Bank”, қароргоҳаш дар Душанбе зикр шудааст. Ин бонк сад дарсади саҳмияҳои «Asian Express Airline»-ро дар ихтиёр дорад, ки соҳиби автовокзали нави Душанбест.
Ин дар ҳолест, ки парлумони Тоҷикистон ахиран бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷа барои соли 2013 ширкати “Контгруп Тоҷикистон”-ро, ки зери тамғаи “Осиё Экспрес” фаъолият мекунад, аз пардохти 7 миллион сомонӣ озод кард. Қаблан ҳам парлумон ба ин ширкат сабукиҳоро ироа намуда буд.
Бар пояи қарори ахири парлумон, “Осиё Экспресс” бе пардохти 7 миллион сомонии боҷи гумрукию андоз ба Тоҷикистон 40 сабукрави "Тойота кемри" ва 20 автобусро ворид мекунад.
Зимни баррасии ин қарор дар парлумон Шодӣ Шабдолов, вакили парлумони Тоҷикистон аз Руҳулло Ҳакимов, муовини вазири молияи кишвар, ки ин қарорро муаррифӣ мекард, пурсид, ба чӣ далеле ҳукумат ва парлумон бояд ба “Осиё Экспресс” ин имтиёзҳоро ироа кунад? Шабдолов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки тибқи мушоҳидаҳо хизматрасонии ширкати мазкур ба маротиб гаронтар аст: “Ҷое, ки бо 3 сомонӣ мерафтем, таксиҳои “Осиё Эскпрес” ба ивази 25 сомонӣ мебаранд. Пас, суоле ба вуҷуд меояд, чаро ба чунин ширкатҳое, ки ба мардум ба ҷои сабукӣ вазнинӣ меоранд, имтиёз медиҳем?”
Руҳулло Ҳакимов дар ҷавоб ба Шабдолов изҳор дошт, ҳадафи аслӣ аз ироаи чунин имтиёзҳо дастгирии соҳибкорон ташкили ҷои кор ва чалби сармоягузорӣ мебошад. Расонаҳои хориҷӣ менависанд, Бобак Занҷонӣ дар зинаҳои болоии ҳукумати Тоҷикистон пуштибонҳои қавӣ дорад ва ироаи имтиёзҳоро ба ширкатҳояш дар Тоҷикистон ба ин омил рабт медиҳанд.