Пулис хостори манъи интиқоли шабонаи боғоҷу мусофирон шуд
Интизор меравад интиқоли бағоч ва кашонидани мусофирон шабона дар роҳҳои автомобилгарди Қазоқистон манъ карда шавад.
Тавре расонаҳои қазоқӣ иттилоъ медиҳанд, Вазорати умури дохилии Қазоқистон аз парлумони кишвар хостааст, интиқоли бағоҷ ва кашонидани мусофирон бо автобус ва микроавтобусҳои ғайримаршурутӣ аз соати 23:00 шаб, то 06:00 субҳ манъ шавад.
Бино ба иттилои мақомоти пулиси қазоқ, дар соли 2012 дар роҳҳои автомобилгарди Қазоқистон беш аз 14168 сониаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки мунҷар ба ҳалокати 3022 нафар ва ҷароҳати 17488 нафар гаштааст. Ба гуфтаи онҳо бештари ин сониаҳо шабона рӯх додаанд.
Гуфта мешавад, дар сурати қабул гардидани ин пешниҳод аз сӯйи парлумони Қазоқистон, барои ронандагоне, ки шабона бо интиқоли бағоч ва кашонидани мусофирон машғул мебошанд, ба маблағи 8655 танга ҷарима пешбинӣ шудааст