Оғохон бунёди 6-умин пул миёни Тоҷикистону Афғонистонро ба охир расонд
Хазинаи Оғохон бунёди 6-умин пулро аз болои дарёи Панҷ миёни Тоҷикистону Афғонистон ба анҷом расонд.
Тавре аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ин пул дар минтақаи Шӯрободи вилояти Хатлон бо харҷи 17 миллион сомонӣ аз тарафи Хазинаи Оғохон сохта шудааст. Ба иттилои манбаъ ин пул, ки дарозиаш 182 метр ва ҳаҷми борбардориаш 30 тоннаро ташкил медиҳад, моҳи майи соли равон ба истифода дода хоҳад шуд.
Айни ҳол Афғонистону Тоҷикистонро 6 пул пайваст мекунанд, ки 4 тоашон дар қаламрави вилояти Бадахшон аз тарафи Оғохон бунёд гардидаанд. Пули калонтарин, ки дар “Панҷи поён” воқеъ аст, бо пуштибонии Амрико сохта шудааст.