Талоши ТВ-Сентр-и Русия барои намоиши симои воқеии тоҷикон
Роҳбарияти яке аз телевизионҳои маъруфи Русия -- ТВ Сентр барои сабти филми мустанад дар бораи муҳоҷирони тоҷик як ҳайати эҷодиро ба Душанбе фиристодааст.
Аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ки роҳнамоии ин ҳайатро ба уҳда дорад, ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки синамогарони рус давоми 3 рӯз, аз 8-ум то 11-уми апрел, ҳаёти тоҷиконро дар Ватан инъикос кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ин ҳайат боздиди худро аз хонаи Самандар Давлатов, сокини ноҳияи Варзоб ва падари ду муҳоҷири корӣ оғоз намуданд: «Тарзи пешвозгирии тоҷиконро аз дастшӯии меҳмонон ба навор гирифта, вориди хона шудем. Меҳмонон тарзи пӯхтани нонро дар танӯр ва омода кардани ғизоҳои миллӣ ба навор гирифтанд».
Манбаъ мегӯяд, зимни наворгирӣ ва мулоқот бо ин хонавода маълум гардид, ки ҳар сол аз ҳисоби меҳнати писаронаш ба буҷаи хона аз 5 то 10 ҳазор доллари амрикоӣ ворид мешавад: “Дар назди ҳавлӣ як хонаи дуошёна қомат рост намудааст, ки ин ҳама меҳнати фарзандонаш мебошад. Дар оянда нақша доранд, ки дар назди хонаи истиқоматии худ як ҷои истироҳат барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ташкил намоянд. Аллакай баъзе корҳо дар ин самт иҷро гардидааст.”
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе филмбардорони рус, аз ҷараёни сафари муҳоҷирони тоҷик ба Федератсияи Русия, тарзи пур намудани корти муҳоҷират, гузаштан аз назди кормандони гумрук ва марзбонҳоро акс гирифтанд. Рӯзи 10-уми апрел дар вилояти Хатлон рафти кишти пахта, ҳолати бозорҳои марказии вилоятро наворбардорӣ намуда, бо чанд тан аз мардуми маҳаллӣ, ки ба наздикӣ азми Русия доранд, суҳбат кардаанд.
Масъулини Хадамоти муҳоҷират мегӯянд, ҳадаф аз ҳамкории хабарнигорони Русия, нишон додани симои дурусти муҷоҷир тавассути ВАО ба мардум ва мусоидат барои беҳдошти вазъи муҳоҷирони корӣ мебошад.