Даргирии тоҷикону қафқозиҳо бо марги як нафар анҷом шуд (ВИДЕО)
Дар пайи даргирии як гуруҳ тоҷикону қафқозиҳо дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия як нафар ба ҳалокат расидааст.
Тавре расонаҳои русӣ менависанд, даргирии тоҷикону қафқозиҳо дар хиёбони Маскави Санкт-Петербург, бо иштироки ҳудуди 10 нафар рух додааст, ки дар натиҷа аз зарби корд зодаи 33-солаи Қафқоз ҷон бохтааст.
Андрей Лавренко, муфаттиши қазия ба хабарнигорон гуфтааст, “айни ҳол чанд иштирокчии эҳтимолии ин даргирӣ боздошт шудаанд ва амалиёти густурда идома дорад.” Тибқи хабарҳои охирин, мақомоти рус рейди махсус роҳандозӣ карда, 378 нафарро дар наздикиҳои даргирӣ боздошт намудаанд. Тафтишот омилҳои сар задани ин қазияро ба фаъолияти бозор дар минтақаи Сенаи Санкт Петербург рабт медиҳад. Тоҷикон дар ин бозор тоҷир ва қафқозиҳо ҳамчун муҳофиз кор кардаанд ва эҳтимол меравад, ки барои пул шуда ин баҳс сар задааст.