Вазорати адлия: Дар бораи “Тоҷикистони нав” аз расонаҳо хабар ёфтем
Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар мавриди сабти ном шудани ҳизби нави “Тоҷикистони нав” ба ин ниҳод то ҳол ягон ҳуҷҷате пешниҳод нашудааст.
Раъно Каримова, сардори Раёсати бақайдгирии созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии Вазорати адлияи Тоҷикистон, рӯзи 12-уми апрел дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “мо дар бораи “Тоҷикистони нав” аз расонаҳо хабар ёфтем. Аммо ба раёсати мо, ки бевосита ба сабти аҳзоби нави сиёсӣ машғул аст, аз ҷониби “Тоҷикистони нав” ягон ҳуҷҷат пешниҳод нашудааст.”
Раъно Каримова афзуд, ки тибқи қонунгузории кишвар баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳо Вазорати адлия онҳоро давоми як моҳ омӯхта дар мавриди сабти ном шудани ҳизб қарор қабул хоҳад кард.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва муассиси "Тоҷикистон нав", дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, барои расман сабти ном кардани ҳизбашон шитоб надоранд: “Айни ҳол мо ба таҳияи барнома ва оинномаи ҳизб машғулем. Барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо шитоб надорем.”
Ин ҳизб, ки аз он ба унвони “ҳизби интеллектҳо ва иқтисоддонҳо” ном бурда мешавад, дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба саҳнаи сиёсӣ меояд. Шавкат Бозоров, Абдулғанӣ Маҳмадазимов, Маҳмудҷон Қосимов, Ҷамшед Ҳакимов, Мавҷуда Соҳибназарова ва Бахтиёр Баҳодуров низ аз ҷумлаи муассисони ин ҳизб будаанд.
Муассисони ҳизби Тоҷикистони нав дар эъломияи худ, ки рӯзи шашуми апрел пахш карданд, мегӯянд, “зарурати таъсиси ҳизб дар он аст, ки ҷомеаро ноумедӣ ба ояндаи беҳтар фаро гирифта истодааст. Нерӯи қобили меҳнат ва ақлонӣ торафт кишварро тарк мекунад ва умуман муҳити имрӯзаи сиёсӣ ва иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон ба як паёми нав, идеяи нав, рӯҳияи нав, қадами нав, ташаббуси нав ва ташаккули нав ниёз дорад.” Онҳо дар идома афзудаанд, "мо талош мекунем, ки нерӯ, зеҳн, тахассус ва талошҳоямон барои ободии кишвар ва ба ҳамин самт равон сохтани нерӯҳои созандаи ҷомеа сарф гардад. Аз ин рӯ, Тоҷикистони нав чорчӯби баҳамовардаи шахсиятҳо, нигоҳҳо, истеъдодҳо, идея ва имкониятҳои созандаи миллӣ мебошад."