Санаи таваллуд 20-уми апрели 1973? ҲНИТ ба Шумо туҳфа медиҳад!
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар ҷашни 40-солагии худ ба ҳамсолонаш тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намояд.
Тавре сомонаи расмии ҲНИТ, nahzat.tj, иттилоъ медиҳад, ситоди баргузории ин ҷашн аз тамоми шаҳрвандони кишвар, ки рӯзи 20-уми апрели соли 1973 ба дунё омадаанд, даъват менамояд, то дар маҳфили қуръапартоӣ барои гирифтани ҷоизаи хотиравӣ, ки 27-уми апрел дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок намоянд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳамаи нафарон, новобаста аз ҷинс, миллат ва дин, ки мехоҳанд дар ин қуръапартоӣ ширкат намоянд, бояд нусхаи шиносномаи худро то 20-уми апрели соли ҷорӣ ба Ситоди ҷашнии ҲНИТ, дар қароргоҳи марказии ҳизб пешниҳод намоянд. Гуфта мешавад, нафаре, ки дар ин қуръапартоӣ ғолиб ояд, мукофоти қиматбаҳои ҷашнии ҳизб ба даст хоҳад овард. Аммо тамоми иштирокчиён низ бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мехоҳад, 27-уми апрели соли ҷорӣ 40-солагии худро ҷашн бигирад, ки ба гуфтаи Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҳизб, ба ин ҷашн меҳмонон аз кишварҳои хориҷ низ даъват шудаанд.