Аз 85 корхонаи хишт дар Тоҷикистон 60-тоашон кор накардаанд
Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, аз 85 корхонаи хиштбарории кишвар дар семоҳаи аввали соли равон ҳамагӣ 25 адади онҳо кор кардаанду халос.
Тавре аз Вазорати мазкур ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, дар семоҳа корхонаҳои хишт 4 миллиону 360,9 ҳазор дона хишт истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 млн дона зиёд мебошад. Манбаъ теъдоди коргарони корхонаҳои фаъоли хиштро 744 нафар арзёбӣ кард.
Масъулини Вазорати энергетика саноати Тоҷикистон иллати кор накардани 60 корхонаи дигари хиштро дар мавсимӣ ва адами талабот ба хишт гуфтанд. Манбаъ афзуд, ки имсол бо дастури ҳукумат дар ҷумҳурӣ бунёди 6 корхонаи истеҳсоли хишт бо 173 ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ шудааст.