ШЕРХОН САЛИМЗОДА
Шерхон Салимзодаи Одина бо фармони президенти Тоҷикистон моҳи январи соли 2010 додситони кулли Тоҷикистон таъин шуд.
Шерхон Салимзода 1-уми январи соли 1957 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси «ҳуқуқшинос» хатм намудааст.
Ӯ фаъолияти кориашро соли 1980 ба сифати ҳуқуқшиноси иттиҳодияи «Селхозхимия»- и вилояти Кӯлоб оғоз мекунад. Баъд аз анҷоми хизмати ҳарбӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба сифати ёрдамчии калони прокурор, муфаттиши калони прокуратураи Бадахшони Куҳӣ, прокурори ноҳияи Шӯрообод, прокурори ноҳияи Фрунзе (Исмоили Сомонӣ)-и шаҳри Душанбе, муовини додситони кулл ва директори Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кор кардааст.
Як навбат вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагон буд.