Ёдовар мешавем, ки се майори сарҳадбон шаби 2-юми июл, дар ҳолати сархушӣ ба рустои Порвори ноҳияи Шӯрообод зада даромада, 5-тан аз аҳолии осоиштаро бо шумули як зан лату кӯб карда буданд. Дар ин бора дар шӯъбаи корҳои дохилӣ ва прокуратураи ноҳия парвандаи ҹиноятӣ кушода, баъди ба анҷом расонидани тафтишот, онро ба прокуратураи гарнизони ҳарбӣ интиқол дода буданд. Намояндаи додгоҳи низомии гарнизони Хатлон дар минтақаи Кўлоб, Ғайратшоҳ Сангов гуфт, дар ҳоли ҳозир ба суди ҳарбӣ дар мавриди додани иҷозаи (санксияи) боздошти гумонбаршудагон муроҷиат нашудааст.{jathumbnail off}