11%-и тоҷикҳо, 6% туркманҳо ва 16%-и қирғизҳо орзуи тарки Ватан доранд
Беш аз 6%-и аҳолии Туркманистон дар дил орзӯи тарки Ватан ва зиндагӣ дар хориҷи кишварро доранд.
Бино ба натоиҷи як назарсанҷии Маркази байналмилалии «Gallup», ки дар зиёда аз 12 кишвари собиқ шуравӣ анҷом дода шудааст, беш аз 6%-и аҳолии Туркманистон гуфтаанд, мехоҳанд дар хориҷ аз кишвар умр ба сар бибаранд.
Гуфта мешавад, дар ин назарсанҷӣ, ки дар беш 12 кишвари пасошӯравӣ аз соли 2010 то соли 2012 гузаронида шудааст, зиёда аз 40 ҳазор нафар, ки синашон аз 15 боло мебошад, иштирок намудаанд.
Миёни 12 кишвари собиқ шӯравӣ, аз ҳама бештар шаҳрвандони Арманистон орзӯи дар хориҷ зиндагӣ намуданро доштаанд, ки 40% аҳолиро ташкил медиҳанд. Дар раддабандии ин марказ аз ҳама мақоми поинро кишварҳои Осиёи Марказӣ ишғол намудаанд. Теъдоди онҳое, ки мехоҳанд тарки Ватан кунанд, дар Қирғизистон 16%, Узбакистон 5%, Қазоқистон 13% ва Тоҷикистон 11% арзёбӣ мешавад.