Итолиёвиҳо дар бораи зарари ТАЛКО филм меофаранд
Як ҳайати итолиёвӣ дар Узбакистон банаворгирии филми “Чашм бикушо”-ро оғоз кардаст, ки дар бораи хушкшавии баҳри Арал ва зарари корхонаи алюминиюми тоҷик, “ТАЛКО”, баҳс мекунад.
Тавре расонаҳои узбак иттилоъ медиҳанд, сафари ин ҳайат ба Узбакистон аз 9 то 21-уми апрел идома дошта, дар назар аст, ки аз манотиқи Сариосиё ва Узун, ки гӯиё бештар аз ТАЛКО зарар дидаанд, наворҳоеро сабт хоҳанд кард ва бо мардум суҳбат хоҳанд намуд. Ба иттилои расонаҳои узбак ба ҳайати итолиёвиҳо роҳбари ширкати «AQ International», Салваторе Качёла, корманди илмии пажӯҳишгоҳи оби Итолиё, Фази Стефано, рӯзноманигор-наворбардор, Ҷулиано Салватори ва дигарон дохил мешаванд.
Игор Сатторов, сардори Хадамоти матбуотии калонтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон, “ТАЛКО” 30-юми март изҳор дошта буд, ки Узбакистон гуруҳе аз синамогарони иттолиёвиро кироя кардааст то дар ин кишвар филмеро марбут ба фаъолияти ТАЛКО биофаранд: “Аммо дар натиҷаи тадқиқот муайян кардем, ки ин на гурӯҳи одии синамогарон балки лоббистҳои хориҷиянд, ки барои тарғиби мавқеи Узбакистон кироя шудаанд.”
Дар ҳамин ҳол Сатторов зарур хонд, ки Тоҷикистон низ бояд дар бахши экология сиёсати иттилоотии худро пурқувват намояд, чун ба гуфтаи ӯ “агар бо дахолати Узбакистон, корхонаи Талко 20 дақиқа аз кор монад, зиёни он метавонад то ба се миллиард доллари амрикоӣ расад. Зеро давоми 20 дақиқа ҳавзаҳои ТАЛКО сард мешаванд ва зарурат пеш меояд, ки ҳавзаҳоро дубора харид ва насб намоем. Барои хариду насби онҳо 3,5 сол даркор аст ва тайи ин муддат ТАЛКО шарикони ҳамкори худро аз даст медиҳад, чун ягон шарик тайи ин муддат интизор намешавад.”