“Кувайт” дастаи “Регар”-ро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод
Шоми даҳуми апрел қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон оид ба футбол -- “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар бозии даври чоруми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “А” бо тими “Кувайт”-и Кувайт қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 5:0 шикаст хӯрд. Ҳамаи голҳо дар нимаи дуюми бозӣ ба ҳадаф расонда шудааст: Иссам Ҷемаа, 57 (1:0). Иссам Ҷемаа, 70 (2:0). Роджерио, 75 (3:0). Ҳади Хамис, 80 (4:0). Ҷади Ҳамами, 83 (5:0).
Бозигарони “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода, Тоҷикистон) дар ин сабқат инҳо буданд: Фарҳод Юлдошев, Сафаралӣ Каримов, Фабритсио Фрейтас (Фирӯз Рахматов, 79), Фаррух Чориев, Расул Пайзов, Сардорбек Эминов, Акмал Сабуров (Бахтиёр Азизов, 63), Далер Шомуродов, Аҳтам Ҳамроқулов (Шодибек Ғаффоров, 66), Комил Саидов.
Футболбозони дастаи "Регар-ТадАЗ" аввалин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “А” дар меҳмонӣ бо тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Рӯзи 12-уми март дар бозии даври дувум дар шаҳри Хуҷанд аз дастаи “Ал-Риффа”-и Баҳрайн бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрданд. Дар бозии даври сеюми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “А”, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд аз тими “Қувайт”-и Қувайт бо ҳисоби 1:3 шикаст хурда буд.
Натиҷаи чор даври мусобиқа дар гурӯҳи “А” чунин аст: Дастаи “Кувайт” бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Ал-Риффа” бо 6 имтиёз дар ҷойи дуюм ва дастаи “Сафо” бо 4 имтиёз дар зинаи сеюм аст. Дастаи “Регар-ТадАЗ” як имтиёз ба даст овардааст ва дар ҷойи охир қарор дорад. “Регар-ТадАЗ” бозии даври 5-уми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “А” рӯзи 24-уми апред бо тими “Сафо”-и Лубнон ва бози даври 6-умро рӯзи 1-уми май бо дастаи “Ал-Риффа”-и Баҳрайн анҷом медиҳад.