Тақозои Ҳизби наҳзати исломӣ аз Шерхон Салимзода
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо ирсоли як нома аз додситони кулл тақозо кардааст, ки нисбат ба кормандони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳисор “чорандешӣ кунад”. Дар ҳоле ки ба иддаои ҲНИТ, кормандони шӯъбаи умури дохилии Ҳисор рӯзи 9-уми апрели соли ҷорӣ монеи вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси Намояндагон, бо аъзои ин ҳизб шудаанд.
Дар номаи шикоятии ҲНИТ, ки ба унвони Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, навишта шудааст, омада, ки “кормандони мақомоти умури дохилии ноҳия бо баҳонаи ин ки дар рӯзҳои корӣ ҳизбҳои сиёсӣ ҳаққи доир намудани ҷаласа ё мулоқотро бо аъзои хеш надоранд, монеи баргузории ин мулоқот шуданд.”
Бино ба номаи ҲНИТ, бархе аз кормандони шӯъбаи умури дохилии Ҳисор нисбат ба раиси ин ҳизб ва вакили Маҷлиси Намояндагон таҳдидро низ раво дидаанд. Ин нома бо имзои Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Додситонии кулл равона гардидааст.
Дар акс: Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон