Рӯзи чоршанбеи даҳуми апрел беш аз сад тоҷири бозори марказии шаҳри Ваҳдат ба нишони эътироз дар назди дарвозаи бозор гирди ҳам омаданд.
Тавре ҷамъомадагон дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, норозигии асосии онҳо ба талаботи ҳукумати маҳаллист, ки мехоҳад, тоҷиронро аз ҷойи корашон ба бозори нави шахсӣ кӯчонад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи тоҷирон бозори марказии Ваҳдатро онҳо бо пули худ обод кардаанд ва ҳар моҳе пули андозро саривақт месупориданд.