"Раисон чӣ парвои мо доранд?" Эътироз дар Ваҳдат (Видео)
Рӯзи чоршанбеи даҳуми апрел беш аз сад тоҷири бозори марказии шаҳри Ваҳдат ба нишони эътироз дар назди дарвозаи бозор гирди ҳам омаданд.
Тавре ҷамъомадагон дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, норозигии асосии онҳо ба талаботи ҳукумати маҳаллист, ки мехоҳад, тоҷиронро аз ҷойи корашон ба бозори нави шахсӣ кӯчонад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи тоҷирон бозори марказии Ваҳдатро онҳо бо пули худ обод кардаанд ва ҳар моҳе пули андозро саривақт месупориданд.
Як зани миёнсол, ки дар миёни тазоҳургарон буд, аз сахтии рӯзгораш шикоят намуда, аз ҷумла гуфт, "7 фарзанд дорам, ки якеаш маъюб аст. Аз се бонк ба маблағи 15 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор ҳастам, агар бовар накунед, инҷо бо худ ҳуҷҷатҳо дорам. 15 ҳазор доллар қарз гирифта, рӯзи худро мегузаронам. Ҳукумат парво надорад, чун шиками онҳо сер аст. Онҳо парвои камбағал надоранд. Худ қазоват кунед, ҳашт фарзандро нон додан осон аст?! Шиками раис бошад, сер аст, аммо мо обу барқ надорем. Худи Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, пайдо кунеду бихӯред, ин чи рӯзи сиёҳ аст, болои мо? Дар болои ин духтарам бо чаҳор фарзандаш дар хонаи ман зиндагӣ мекунад, ба куҷо арз кунам, ба куҷо шикоят барам, намедонам."
Назари мақомоти шаҳри Ваҳдат ва шикояту пешниҳодҳои тоҷирони бозорро дар ин навори видеоӣ бубинед: