Тел-Авив дубора бо Ашқобод забон ёфт
Туркманистон бо таъини нахустин сафири Исроил дар Ашқобод, пас аз чаҳор соли мухолифаташ бо номзадҳои Тел-Авив, ба ин симат розӣ шуд.
Тавре расонаҳои туркманӣ иттилоъ медиҳанд, Исроил Сомӣ Турро ба ҳайси сафири Тел-Авив дар Ашқобод пешниҳод намудааст ва Вазорати умури хориҷии Туркманистон аз ин тасмим истиқбол намудааст.
Гуфта мешавад, Вазорати умури хориҷии Исроил дарк менамояд, ки равобит бо Туркманистон дорои аҳамияти хосае мебошад, ба хусус дар мавриди ҷолишҳое, ки Тел-Авив дар хусуси барномаҳои ҳастаии Эрон бо онҳо рӯбарӯст.
Ёдрас менамоем, Исроил аз соли 1992 густариши равобити худро бо Туркманистон оғоз намудааст. Аммо ин равобит дар соли 2009, замоне ки Авигдор Либерман, вазири умури хориҷии пешини Исроил, бо ҳамтои туркмани худ сафорати Тел-авив дар Ашқободро ифтитоҳ намуда буданд, каме тағйир ёфта, ба сардӣ гароид.