Бобоназарова тазоҳуроти ахир дар Душанберо “нигаронкунанда” гуфт
Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ҳуқуқии «Перспектива +», зуҳури тазоҳуроту гирдиҳамоиро дар ҷомеа як падидаи мусбат арзёбӣ кард.
Аммо дар суҳбат бо “Озадагон” Бобоназарова тазоҳуроти ахирро, ки дар назди сафорати Амрико ва дафтари СММ дар Душанбе гузаштанд, нигаронкунанда хонд: “Таҷҷубовар он буд, ки ташкилкунандагон як гурӯҳ ҷавононро ба маҳалли тазоҳурот бурда, аз пушти онҳо паноҳ шуданд. Ташкилкунандагон худро муаррифӣ накарданд ва ин барои иштироккунандагони тазоҳурот хатар дорад. Ин маънои онро ҳам дошта метавонанд, ки ташкилкунандагон нияти хубе надоштаанд.”
Бобоназарова афзуд, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ ташкил намудани тазаҳурот, пикет ва гуруснанишинӣ, ин ҳуқуқи шаҳрвандӣ мебошад, ки зимни онҳо мардум фикру ақидаи худро мегӯянд ва ин хуб аст: “Аммо дар Тоҷикистон барои ташкил кардани гирдиҳамоӣ бояд аз ҳукумат иҷозат гирифта шавад. Ин ба он хотир аст, ки ҳукумат амнияти гирдомадагонро таъмин кунад.”
Ойниҳол Бобоназарова таъкид кард, ки дар сурати муроҷиат ҳукумат бояд барои гирдиҳамоӣ ва тазоҳурот иҷозат диҳад, чун ин ҳуқуқи шаҳрвандӣ аст ва ин нукта дар санадҳои байналмилалие низ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дарҷ гардидааст.