Яке аз муаллифони нишон ва парчами миллӣ даргузашт
Шоми 7 апрели соли ҷорӣ арбоби ҳунар, рассоми халқии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи технологӣ, узви Иттифоқи рассомон ва дизайнерони Тоҷикистон, академик Ҳаббибуллоев Зуҳур баъд аз бемории кӯтоҳмуддат дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Ҳаббибуллоев Зуҳур ҳаммуаллифи нишон ва парчами Тоҷикистон буда, асарҳои ӯ дар осорхонаҳои бисёр кишварҳои ҷаҳон дар намоиш ва маҳфуз мебошанд.