Зоиров: “Эмомалӣ Раҳмон ҳақ надорад, боз президент шавад”
Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон бо пахши як изҳорот эълон кард, ки раисиҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ наметавонад номзадиашро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кунад.
Ин изҳорот рӯзи 7-уми апрели соли ҷорӣ пахш шуда, дар он далелҳои ин ҳизб, ки чаро ҷаноби Раҳмон наметавонад дигарбора ба ҳайси номзад вориди сабқати интихоботӣ шавад, оварда шудааст.
Раҳматулло Зоиров, раиси ҲУСДТ, рӯзи душанбеи 8-уми апрел ба “Озодагон” гуфт, бино бар қонунҳои Тоҷикистон як шахс наметавонад беш аз ду бор пайиҳам президент интихоб шавад. Зоиров он изҳоротро, ки гӯиё Эмомалӣ Раҳмон бо иловаи тағйиру иловаҳо ба банди 4 моддаи 65-уми Қонуни асосӣ дар моҳи июни соли 2003 имконият ба даст овардааст, ки то соли 2020 президент бошад, “миф” хонд. Зоиров таъкид кард, ки маҳз банди 4-и моддаи 65-уми Конститутсия муайян намудааст, ки як шахс наметавонад, беш аз ду бор президент шавад.
Зоиров таъкид мекунад, ки салоҳияти президентии Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2004 ба анҷом расида буд, чун соли 1999-ум ӯ на барои 7 сол, балки барои 5 сол президент интихоб шуда буд. Ба гуфтаи Зоиров, замони интихоботи президентии соли 1999 муқаррароти Сарқонун аз соли 1994 амал мекард, ки муҳлати президентиро 5 сол муайян намуда буд.
Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон қарор аст моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор гардад. То кунун танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон эълом кардааст, ки бо номзади худ вориди сабқат хоҳад шуд, ки он ҳам раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон аст.