Муттаҳам ба дуздӣ дар “Корвон” боздошт шудааст
Мақомоти пулиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иттиҳоми дуздӣ, Зоиров Маҳмадсолеҳ Лоиқович соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Қазоқони пойтахтро дастгир намудаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, дастгиршуда, рӯзи шанбеи 6-уми апрел, тахминан соати 12:30-дақиқа дар бозори «Корвон» аз дохили сумкаи соҳибкор Бобохонова Гулчеҳра Холбоевна ҳамёни пулашро дуздида ғайб задааст. Ба иттилои манбаъ дар дохили ҳамёни ин соҳибкорзан 1211-сомонӣ пули нақд будааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.