Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон ба дастаи наврасони Афғонистон
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозии охирини худро дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё, дар гурӯҳи “С”, бо дастаи мунтахаби Афғонистон анҷом дода, бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Зиёвиддин Фузайлов, бозигари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 4-уми дидор тӯбро ба дарвозаи ҳариф ворид кардааст. Омид Ҳайдар Санеҳ, бозигари дастаи мизбон бошад, дар дақиқаи 30-юм тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон намуда, ҳисобро баробар кард. Нимаи аввали бозӣ бо ҳамин натиҷа анҷом ёфт. Ба ин тартиб, Аслиддин Мухаммадиев, бозигари тоҷик боз як тӯби дигарро ба дарвозаи ҳарифон ворид карда, пирӯзии дастаашро тамин кардааст.
Бозиҳои мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Катманду-пойтахти Непал ҷараён дорад. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар ин мусобиқа таҳти раҳбарии сармураббӣ, Раҷаб Расулов, ҳунарнамоӣ мекунанд. Футболбозони навраси тоҷик рӯзи 2-юми апрел нахустин бозияшонро бо мунтахаби наврасони Бутан бо ҳисоби бузурги 15:0 анҷом дода буданд. Рӯзи 4-уми апрел, бо дастаи Непалқувваозмоӣ намуда бозиро мусовӣ 1:1 анҷом доданад.
Ёдовар мешавем, дар гурӯҳи “С” дастаҳои мунтахаби Афғонистон, Бутан, Непал ва Тоҷикистон миёни ҳам рақобат карданд. Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоқикистон бо 7 имтиёз дар садри ҷадвал нишаст. Дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон, бо 6 имтиёз дуюм шуданд. Мунтахаби Непал бо 4 имтиёз дар ҷои сеюм қарор гирифт ва дастаи Бутан бидуни имтиёз дар зинаи охирин монд.